КАЛОМИ ХУДО РАВШАНИИ МАН
Рекомендуемые Путь НадеждыКАЛОМИ ХУДО РАВШАНИИ МАН Мисли бод будам саргардон, Чун мавҷи хок дар биёбон. Ҷисму руҳи ман бепаноҳ, мондаам дар гуноҳ. Надонистам чӣ мекардам, Фармон аз шайтон мебурдам. Ман дар ин дунёи фонӣ умеде надоштам. Аммо каломи Худо фикрамро равшан намуд, Рӯҳи Қуддуси Худо дили маро рабуд. Раҳо шуд ин ҷони ман, Осмон шуд макони ман. Хуни Қурбонии аҷиб шуста гуноҳи ман. Тарсҳоям умед шуданд, Ғамҳоям шодӣ шуданд. Исои Масеҳ, Маҳбубам, ҷой гирифт дар дилам. Вале каломи Худо фикрамро равшан намуд, Рӯҳи Қуддуси Худо дили маро рабуд.
Канал: Путь Надежды
0 Комментарийs
Добавить комментарийДобавьте ваш комментарий
Чтобы добавить комментарий, вам необходимо войти или зарегистрироваться.