Seventh-Day Adventist Church

Ташкент Узбекистан

Menu

МЕХОНАМ ҲАМДИ НАҶОТКОРАМРО

Рекомендуемые Путь Надежды

МЕХОНАМ ҲАМДИ НАҶОТКОРАМРО Нури Худоӣ, нури Худоӣ, Тобон дар қалбам бо ҷалолӣ. Ҳалелуёҳ хушбахтаму шодам, Мехонам ҳамди Наҷоткорамро. Худо, ки офарид арзу саморо, Ҳаво, дарё, ҷаҳони босафоро, Ҳамон, ки нурҳо аз ҷилваи Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Худое, к-офарид хуршеду маҳро, Ба нури ахтарон афрӯхт раҳро, Ҳамон, ки гардиши айём аз Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Худои моҳу хуршеду ситора, Ки аз кораш кунад доим ҳикоя, Ба вақти тирагиҳо роҳбарам Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Ба вақти ноумедӣ дар ҷаҳонам, Бувад оромбахши ҷисму ҷонам, Чу дар андешаи ман ҳаст он дӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст.

0 Комментарийs

Добавить комментарий
 

Добавьте ваш комментарий

Чтобы добавить комментарий, вам необходимо войти или зарегистрироваться.